Намояндаи Тоҷикистон дар лоиҳаи байналмилалии «Посдорони хотира» иштирок кард - ИА Караван Инфо
Намояндаи Тоҷикистон дар лоиҳаи байналмилалии «Посдорони хотира» иштирок кард

Душанбе, 19 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Намояндаи Тоҷикистон Алимҷон Ҳалимҷонов дар лоиҳаи байналмилалии «Посдорони хотира», ки дар шаҳри Екатеринбург дар доираи барномаи «Насли нав» баргузор гардид, иштирок намуд. Лоиҳаи мазкур ҷавонон — мутахассисон ва донишҷӯёнро аз кишварҳои гуногун ба ҳам оварда, ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихӣ бахшида шуд.

Дар доираи барнома иштирокчиён бо таърихи Урал шинос шуда, аз бойгониҳо ва осорхонаҳои шаҳри Екатеринбург дидан карданд. Онҳо бо осори нодири таърихӣ шинос шуда, инчунин дар бораи усулҳои муосири кор бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва ҳифзи сарчашмаҳои марбут ба гузашта маълумоти бештар гирифтанд.

Барои ҷавонони иштирокчӣ чунин барномаҳо на танҳо имкони такмили дониш, балки майдони муоширати байналмилалӣ ва табодули таҷриба низ ба шумор мераванд.

Омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар иртиботи мустақим бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, осори нодир ва маҷмӯаҳои осорхонавӣ имкон медиҳад, ки иштирокчиён хусусиятҳои таърихии минтақаҳои гуногунро амиқтар дарк намуда, ҳамзамон ба саҳифаҳои муштараки таърихи халқҳо таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Алимҷон Ҳалимҷонов аз натиҷаи сафар ва фазои эҷодиву дӯстонаи лоиҳа изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки мулоқотҳои нав ва шиносоӣ бо иштирокчиёни кишварҳои гуногун ба сафар ранги тоза бахшидаанд.

«Сафар ба ман хеле писанд омад ва бо лаҳзаҳои хотирмон дар ёдам монд. Шиносоӣ бо одамони нав ва муоширати нав лоиҳаи моро боз ҳам ҷолибтар гардонд. Мо аз бисёр ҷойҳои зебои шаҳри Екатеринбург дидан кардем.

Дар бораи таърих ва фарҳанг маълумоти зиёди нав гирифтем. Аз ҳама бештар рӯзи ифтитоҳи Фестивали байналмилалии ҷавонон дар хотирам монд — ҳама хеле хушҳол буданд. Умуман, тасодуфӣ нест, ки Екатеринбург пойтахти Фестивали байналмилалии ҷавонон интихоб шудааст, зеро шаҳр дар сарҳади ду қитъа ҷойгир буда, ин макони таърихӣ барои баргузории чунин чорабинии бузурги байналмилалӣ майдони муносиб гардид».

Лоиҳаи «Посдорони хотира» аз ҷониби Россотрудничество дар доираи барномаи «Насли нав» амалӣ гардида, ҷавонон — муҳаққиқон ва мутахассисонро аз кишварҳои гуногун муттаҳид мекунад. Самти асосии он ба омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои касбӣ ва гуманитарӣ миёни намояндагони ҷавони давлатҳои гуногун равона шудааст.

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чунин барномаҳои байналмилалӣ ба густариши робитаҳои ҷавонон, табодули дониш ва таҷриба мусоидат намуда, барои шиносоии амиқтар бо таърих ва фарҳанги кишварҳои иштирокчӣ тавассути лоиҳаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

АКС: Хонаи русӣ дар Душанбе