Душанбе, 03 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави хониш чун дар дигар муассисаҳои таълимии кишвар бо баргузории ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорат, ҳайати омӯзгорону кормандони ин муассисаи таълимии ҳарбӣ, афсарону тарбиятгирандагон иштирок намуданд.

Сараввал масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон донишандӯзон ва ҳайати шахсии Литсейи ҳарбиро ба муносибати оғози соли нави хониш ва 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд. Таъкид шуд, ки тарбиятгирандагонро зарур аст бо интизоми намунавӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти баланд таълиму тарбия гирифта, дар оянда ҳамчун афсарони бошарафу садоқатманд ба халқу Ватан хизмат намоянд.

Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Тантанаи Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар кишвар аз сиёсати маорифпарварона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат шаҳодат дода, он пеш аз ҳама рамзи ҳамбастагӣ ва арҷгузорӣ ба аҳамияти сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол мебошад.

Таҳсил дар Литсейи ҳарбӣ ду солро дар бар гирифта, пурра ройгон мебошад. Афсарону омӯзгорони ботаҷрибаи литсей дар баробари таълими фанҳои дақиқ ва низомӣ ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ ва омода намудани ҷавонон ба хизмати содиқона ба Ватан таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Оғози соли нави таҳсил дар Литсейи ҳарбӣ аҳамияти омодасозии кадрҳои ҳарбии ҷавонро дар шароити таҳкими истиқлолият ва амнияти миллӣ таъкид мекунад. Таваҷҷуҳ ба интизом, ватандӯстӣ ва таҳсилоти ройгони босифат ба стратегияи давлатӣ оид ба тарбияи насли масъулиятшинос ва содиқ ба манфиатҳои миллат мувофиқат мекунад.

Акс: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
