Остона, 13 майи соли 2026-АИ Караван инфо. Вакилони Парлумони Қазоқистон дар ҷаласаи якҷояи палатаҳо дар хониши аввал ислоҳотро ба қонуни Конститутсионӣ “Дар браи интихобот дар Ҷумҳурии Қазоқистон” тасдиқ намуданд. Ҳуҷҷат ба такмили қонунгузории интихобот бо назардошти таҷрибаи маъракаҳои интихоботии гузашта равона шудааст.

Лоиҳаро муовини Сарвазир вазири иқтисоди миллӣ Серик Жумангарин пешниҳод намуд. Тағйиротҳо муайян намудани тартиби овоздиҳии такрорӣ дар интихоботи акимҳо, пешбарии номзадҳо ва маҳдуд намудани иштироки як шахс дар як вақт дар якчанд маъракаҳои интихоботро пешбинӣ мекунанд.
Инчунин пешниҳод намуда мешавад, ки ташкили таблиғот дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин мушаххас намудани талабот ба шахсони боэътимоди номзадҳо ва расмиёти ҷамъоварии имзоҳо.
“Қабули меъёрҳои пешниҳодшуда шаффофияти раванди интихоботро баланд мебардорад ва масъулияти иштирокчиени онро тақвият медиҳад”, — қайд намуд Серрик Ҷумангарин.
Илова бар ин, лоиҳаи қонун имконияти кушодани участкаҳои интихоботро дар ҷойҳои кори вахтӣ ва муассисаҳои ҷудошавии муваққатӣ пешбинӣ мекунад.
Аксҳо: Парлумони ҶҚ
