Пули нави сармоягузорӣ байни Душанбе ва Улан-Батор: Точикистону Муғулистон ҳамкориҳои соҳибкориро тавсеа медиҳанд - ИА Караван Инфо
Пули нави сармоягузорӣ байни Душанбе ва Улан-Батор: Точикистону Муғулистон ҳамкориҳои соҳибкориро тавсеа медиҳанд

Душанбе, 22 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар пойтахти ин кишвар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид, ки ба як майдони муҳими тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории ду давлат табдил ёфт.

Форум бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи миллии савдо ва саноати Муғулистон баргузор шуда, роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишварро ба ҳам овард.

Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиён масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт қарор доштанд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки баргузории Форум қадами муҳими таҳкими шарикии иқтисодии Тоҷикистону Муғулистон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин мулоқотҳо барои барқарор намудани робитаҳои мустақими соҳибкорон, ҷалби сармоя ва роҳандозии ташаббусҳои нави муштарак заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Цагаанхуугийн Идербат низ омодагии кишварашро барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулот, савдо ва дигар самтҳои афзалиятнок иброз намуд.

Дар ҷараёни форум имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори иқтисодии ҳар ду кишвар муаррифӣ гардида, намояндагони бахши хусусӣ масъалаҳои рушди шарикии мустақими соҳибкорӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд.

Натиҷаи амалии чорабинӣ ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон гардид, ки аз гузариши муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ба марҳилаи нави ҳамкории амалӣ ва дарозмуддат шаҳодат медиҳад.

Баргузории Форуми соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки Душанбе ва Улан-Батор талош доранд сатҳи баланди муколамаи сиёсиро ба лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ табдил дода, барои рушди устувори муносибатҳои тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи нав фароҳам оваранд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон