Душанбе, 07 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд созишнома оид ба ҷудо намудани маблағгузории иловагии қарзӣ ба маблағи 10 миллион евро барои татбиқи лоиҳаи коҳиш додани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон ба имзо расониданд.

Созишномаи нав идомаи ҳамкориҳои дарозмуддати Тоҷикистон ва БАТР дар самти навсозии инфрасохтори энергетикии кишвар буда, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои тақсимоти неруи барқи минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ равона гардидааст.
Лоиҳа маҷмӯи васеи тадбирҳои техникиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, коҳиш додани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ дар шабакаҳои тақсимоти барқ, навсозии қисман ва таҷдиди техникии шабакаҳои барқӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири автоматиконидашудаи баҳисобгирии тиҷоратии неруи барқ (АСКУЭ) ва биллинг, инчунин насби васеи ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ («смарт»-ҳисобкунакҳо) аз самтҳои асосии лоиҳа ба ҳисоб мераванд.
Интизор меравад татбиқи лоиҳа шаффофияти баҳисобгирии неруи барқро беҳтар намуда, назоратро аз болои тақсимоти он тақвият бахшад, ҳаҷми талафоти ғайриистеҳсолиро коҳиш диҳад ва сифати таъминоти барқро барои аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ баланд бардорад.
Созишномаи имзошуда идомаи мантиқии ҳамкориҳои қаблӣ мебошад. Пеш аз ин Тоҷикистон ва БАТР созишномаеро оид ба ҷудо намудани 43 миллион евро дар шакли маблағҳои қарзӣ ва грантӣ барои навсозии шабакаҳои тақсимоти барқ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба имзо расонида буданд. Маблағгузории иловагӣ имкон медиҳад, ки татбиқи чорабиниҳои навсозӣ дар вилояти Хатлон бо суръати бештар идома ёбад.
Навсозии пайдарпайи шабакаҳои тақсимоти барқ яке аз шартҳои асосии баланд бардоштани самаранокии энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, қисми муайяни неруи барқи истеҳсолшуда ҳангоми интиқол ва тақсимот талаф меёбад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани низомҳои интеллектуалии баҳисобгирӣ, технологияҳои рақамӣ ва таҷдиди инфрасохтори шабакаҳои барқӣ барои рушди устувори соҳаи энергетика аҳамияти стратегӣ дорад.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд нишон медиҳанд, ки ҷомеаи байналмилалии молиявӣ ба ислоҳоти соҳаи энергетикаи кишвар эътимоди баланд дорад. Сармоягузорӣ ба рақамикунонии шабакаҳои тақсимоти барқ на танҳо устувории молиявии ширкатҳои энергетикиро тақвият мебахшад, балки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
АКС: Азия+
