Душанбе, 16 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Бино ба шумораи моҳи июни гузориши Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Regional Economic Prospects 2026», Тоҷикистон суръати баланди фаъолияти сармоягузориро нигоҳ дошта, ба қатори иқтисодҳои динамиктарини Осиёи Марказӣ дохил мешавад.

Тавре дар хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар гузориши ЕБРР ин нишондиҳанда яке аз баландтаринҳо дар минтақа арзёбӣ шуда, ба татбиқи фаъолонаи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ рабт дода мешавад. Барои муқоиса, дар Қирғизистон сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳамин давра 25,5 фоиз ва дар Қазоқистон 6,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
ЕБРР таъкид мекунад, ки фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, рушди бахши саноат ва тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолӣ дастгирӣ мешавад. Ҳамзамон, афзоиши сармоягузорӣ бо болоравии назарраси истеҳсоли саноатӣ ҳамроҳ гардидааст: тибқи маълумоти бонк, дар семоҳаи аввали соли 2026 ин нишондиҳанда 29,6 фоиз афзудааст.
Дар сатҳи минтақавӣ низ Осиёи Марказӣ ба яке аз қутбҳои асосии рушд табдил меёбад. Тибқи пешбинии ЕБРР, рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон соли 2026 ба 5,6 фоиз ва дар соли 2027 ба 5,3 фоиз мерасад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин динамика барои Тоҷикистон имкони ҷалби бештари сармояи дохилӣ ва хориҷиро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
