Остона, 28 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷӣ Ермек Кошербоев бо сафири Султони Умон Муҳаммад Ал-Баҳронӣ ба муносибати ба итмом расидани кори ӯ дар Қазоқистон мулоқот намуд. Раиси идораи сиёсати хориҷӣ саҳми дипломатро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба баланд арзёбӣ намуд ва барои ҳамкорӣ ташаккур гуфт.

Ал-Баҳронӣ, дар навбати худ, таҷрибаи арзишманди дар Қазоқистон ба даст овардаашро қайд намуд ва изҳори боварӣ кард, ки шарикии минбаъда дар асоси дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд мекунад. Вай нақши президент Қасим-Жомарт Токаевро дар наздикшавии Остона ва Маскат (пойтахти Умон), инчунин ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи ӯро дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ махсус таъкид намуд.
“Ман барои имкони кор дар чунин кишвари меҳмоннавоз миннатдорам. Қазоқистон ва Уммон барои лоиҳаҳои муштарак потенсиали зиёд доранд ” гуфт сафир.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
