Душанбе, 28 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Боку мулоқоти муҳими дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, ба рушди алоқаҳои нақлиётию логистикӣ, афзоиши тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ, ки дар Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ миёни ду кишвар (соли 2024 ба имзо расидааст) муқаррар шудааст, гузашт.
Яке аз мавзӯъҳои марказии музокирот васеъ кардани имкониятҳои транзити маҳсулоти Тоҷикистон тавассути ҳудуди Озарбойҷон бо истифода аз Долони миёна (Маршрути байналмилалии нақлиётии Транскаспий) буд. Ин масир Чин ва Осиёи Марказиро тавассути баҳри Каспий бо Қафқоз, Туркия ва кишварҳои Аврупо мепайвандад.

Барои Тоҷикистон истифодаи ин инфрасохтор роҳи кӯтоҳтарин ва самараноктаринро барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ мекушояд. Озарбойҷон низ рушди Долони миёнаро ҳамчун самти калидии густариши алоқаҳои нақлиётии байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин ҷонибҳо аҳамияти принсипиалии ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани парвози мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе — Бокуро таъкид карданд, ки ин ба алоқаҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва афзоиши ҷараёни сайёҳон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Илова бар инфрасохтори логистикӣ, Илҳом Алиев ва Қоҳир Расулзода механизмҳои мушаххаси афзоиши гардиши моли мутақобила ва кооператсияро дар соҳаҳои стратегӣ баррасӣ карданд:
- Саноат ва энергетика: Рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи металлургия, электроэнергетика ва коркарди чуқури ашёи хом.
- Кшоварзӣ: Васеъ кардани таъминоти мутақобилаи маҳсулоти агросаноатӣ ва мубодилаи технологияҳои муосири кишоварзӣ.
- Хизматрасонии давлатӣ: Сарвазири Тоҷикистон ба омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами Озарбойҷон дар модели хизматрасонии давлатӣ ба шаҳрвандон ҳавасмандии баланд изҳор намуд.
- Вектори гуманитарӣ: Фаъол гардонидани алоқаҳо дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва варзишӣ.

Сарвари Озарбойҷон мавҷудияти потенсиали бузургро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳаматарафа таъкид карда, қайд намуд, ки Душанбе ва Боку дар масъалаҳои калидии рушди минтақавӣ муштаракоти афкор нишон медиҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон / Operativ Media
