Тоқаев Ва Путин омодагиро ба Форуми ҳамкории байниминтақавӣ баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Тоқаев Ва Путин омодагиро ба Форуми ҳамкории байниминтақавӣ баррасӣ намуданд

Остона, 02 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев бо Президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Сарони давлатҳо рушди ҳамкории дуҷониба ва рафти татбиқи созишномаҳоеро, ки дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари русия ба Қазоқистон ба даст омадаанд, баррасӣ карданд.

Ба омодагӣ ба Форуми XXII ҳамкории байниминтақавии Қазоқистон ва Русия, ки охири моҳи июл дар Омск баргузор мешавад, диққати махсус дода шуд.

“Созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Русия ба Қазоқистон ба даст оварда шуданд, ба тамоми маҷмааи ҳамкории дуҷониба такони назаррас бахшиданд”, — қайд намуд Касим-Жомарт Токаев.

Ҳамчунин, президентҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои доимии корӣ дошта бошанд.

Аксҳо: Акорда