Душанбе, 5 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот».3 ноябр дар шаҳри Минск IV Конфронси байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё ба кори худ оғоз кард. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Фаррух Ҳамрализода иштирок дорад.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суханронӣ намуда, ба зарурати ташаккули низоми фарогир ва тақсимнопазири амният дар фазои васеи АвруОсиё таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити кунунӣ таъмини амният бояд хусусияти умумӣ дошта бошад ва онро на кишварҳои Ғарб ва на давлатҳои Шарқ ба танҳоӣ таъмин карда наметавонанд. Ин равиш зарурати ҳамкории муштарак ва ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар масъалаҳои амнияти қитъа таъкид мекунад.
Дар ҷараёни конфронс роҳбарони ҳайатҳо ва намояндагони кишварҳои иштирокдор доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд. Мубодилаи афкор ба роҳҳои нигоҳдории сулҳу субот, таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва ҷустуҷӯи равишҳои муштарак барои посух ба таҳдиду хатарҳои мавҷуда равона гардид.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш имконият фароҳам меорад, ки мавқеъ ва дидгоҳҳои кишвар оид ба масъалаҳои муҳими амнияти АвруОсиё дар платформаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, муколама бо шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ идома ёбад.
IV Конфронси байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё яке аз майдонҳои мубодилаи афкор миёни намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои амнияти қитъавӣ ба шумор меравад.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
