Душанбе, 14 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо густариши бесобиқаи ҳамкориҳои дуҷониба анҷом ёфт.

Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ Душанбе ва Пекин 31 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд, ки қариб ҳамаи самтҳои муҳими муносибатҳоро — аз зеҳни сунъӣ ва иқтисоди «сабз» то амният, маориф ва робитаҳои гуманитарӣ — фаро мегиранд.
Муҳимтарин рӯйдоди сиёсӣ имзои Изҳороти муштарак оид ба амиқсозии муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар давраи нав, инчунин Шартномаи дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин гардид. Рамзист, ки шиори асосии ин санад чунин садо медиҳад: «Дӯстон абадан, душманон ҳеҷ гоҳ».
Бастаи имзошуда нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба марҳилаи нави ҳамгироии дарозмуддат ворид мешаванд, ки дар он технология, саноатикунонӣ ва рушди инфрасохтор ҷойгоҳи калидӣ доранд. Яке аз қарорҳои муҳим таъсиси Маркази ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ гардид. Ҳамчунин ҷонибҳо барои густариши ҳамкории илмӣ-техникӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир тавофуқ карданд.
Ба масъалаҳои иқтисод ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Вазорату идораҳои соҳавии ду кишвар санадҳоеро оид ба идоракунии молияи давлатӣ, дастгирии содирот, рушди захираҳои минералии «сабз» ва таъсиси паркҳои муштараки технологӣ дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ ба имзо расониданд. Барои доираҳои соҳибкорӣ таъсиси Шӯрои соҳибкории Тоҷикистону Чин паёми муҳими иқтисодӣ арзёбӣ мешавад.
Қисми муҳими созишномаҳо ба инфрасохтор ва логистика бахшида шудааст. Ҷонибҳо оид ба таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии навсозии гузаргоҳи марзии Қулма табодули нома карданд. Ин қарор метавонад иқтидори транзитии Тоҷикистонро тақвият бахшида, ҷойгоҳи онро дар масирҳои нақлиётии АвруОсиё боз ҳам муҳимтар гардонад.
Дар музокирот ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ҳамкории аграрӣ низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Протоколҳо оид ба содироти зардолу ва олуи Тоҷикистон ба бозори Чин, инчунин санадҳо дар самти назорати фитосанитарӣ ва байторӣ ба имзо расиданд. Коршиносон инро қадами муҳим барои густариши ҳузури маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин бозорҳои ҷаҳон медонанд.

Бастаи гуманитарии созишномаҳо низ фарогир буд. Барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илм, маориф, сайёҳӣ ва ВАО ба имзо расиданд. Аз ҷумла, байни АМИТ «Ховар» ва агентии иттилоотии «Синхуа», Кумитаи телевизион ва радио ва Медиа-корпоратсияи Чин, инчунин оид ба рушди минбаъдаи Институти Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон созишномаҳо ҳосил шуданд.
Таваҷҷуҳи ҷудогона ба омодасозии кадрҳо равона гардид. Тоҷикистон ба густариши имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон дар бахшҳои муҳандисӣ, илмҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотӣ манфиатдор аст, ки ин мустақиман ба сиёсати саноатикунонӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ вобаста мебошад.
Созишномаҳои имзошуда нишон медиҳанд, ки Душанбе ва Пекин на танҳо шаклҳои анъанавии ҳамкориро таҳким мебахшанд, балки мехоҳанд меъмории ояндаро низ якҷо бо такя ба технология, рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодӣ ташаккул диҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон
