Душанбе, 22 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар поёни музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон маросими ба имзо расонидани санадҳои нави ҳамкории дуҷониба баргузор гардид, ки яке аз натиҷаҳои муҳими сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон ба ҳисоб меравад.

Дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат 12 санад ба имзо расид, ки самтҳои гуногуни ҳамкориро — аз муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ то маориф, сиёсати ҷавонон, геология, экология ва амнияти озуқаворӣ — фаро мегиранд.
Маросим бо қабул ва эълони Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух оид ба тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни ду кишвар оғоз гардид. Ин санад заминаи сиёсиро барои марҳилаи нави шарикии Тоҷикистону Муғулистон таҳким бахшид.
Аз ҷумлаи санадҳои муҳим Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ мебошад, ки барои осон гардидани тамосҳои расмӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин Созишнома оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид, ки имкониятҳои иловагиро барои рушди робитаҳои нақлиётӣ ва ҳамкориҳои логистикӣ фароҳам меорад.
Дар бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо ба имзо расид.
Бахши муҳими санадҳо ба ҳамкориҳои таълимӣ ва омодасозии кадрҳо бахшида шудааст. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, инчунин ёддошти алоҳида оид ба таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ба имзо расид.
Бо мақсади густариши робитаҳои башардӯстона ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон ва варзиш низ ба мувофиқа расиданд. Ёддошти дахлдор байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва корҳои ҷавонони Муғулистон ба имзо расид.
Самти ояндадори ҳамкорӣ инчунин таҳқиқоти геологӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, инчунин назорати бехатарии корҳои саноатӣ ва кӯҳкорӣ муайян гардид.
Барои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон ба имзо расид.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои экологӣ ва иқлимӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Санади имзошуда ҳамкории стратегиро дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани устуворӣ ба оқибатҳои он ва коҳиши равандҳои биёбоншавӣ пешбинӣ мекунад.

Яке аз санадҳои амалии муҳим Харитаи роҳ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2026–2028 гардид.
Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президентҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии муштарак баргузор намуданд. Сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро қадами муҳим ва умедбахш дар роҳи таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Улан-Батор инчунин ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардиданд.
Маҷмӯи созишҳои бадастомада нишон медиҳад, ки Душанбе ва Улан-Батор ният доранд муносибатҳои дуҷонибаро ба марҳилаи амалии нав бароранд ва ҳамкориро на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар бахшҳои мушаххаси иқтисод, илм, маориф, экология ва мубодилаҳои башардӯстона густариш диҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
