Душанбе, 09 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Соҳаи геологияи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 натиҷаҳои муҳими иктишофиро ба даст оварда, дурнамои нави рушди саноати кӯҳкориро тақвият бахшид. Мутахассисон аломатҳои нави тилло, мис, волфрам, ванадий ва металлҳои нодирро муайян намуда, ҳамзамон як қатор захираҳои канданиҳои фоиданокро баъди экспертизаи давлатӣ ба тавозуни давлатӣ ворид карданд.

Дар ин бора 7 июл зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои иктишофӣ дар қитъаҳои Санги Сурх, Ангишт, Ғавт, Рангкӯл, Оби Сурх ва Назарайлок гузаронида шуданд. Дар Санги Сурх қабатҳои маъдани мис бо ғафсии аз 2 то 20 метр ва таркиби мис аз 0,26 то 0,55 фоиз, инчунин қабатҳои дорои тилло ва нуқра муайян гардиданд, ки таркиби тилло то 0,85 грамм ва нуқра то 2,93 грамм дар як тонна мерасад.
Дар қитъаи Ангишт ҷисмҳои маъдании дорои тилло то 3,7 грамм дар як тонна ва триоксиди волфрам то 0,97 фоиз ошкор шуданд. Дар қитъаи Ғавт, ки ванадий мавриди омӯзиш қарор дорад, захираҳои пешакии зиёда аз 1,38 миллион тонна маъдан бо таркиби миёнаи 0,32 фоизи панҷоксиди ванадий арзёбӣ шудаанд.

Дар Рангкӯл корҳои саҳроӣ идома дошта, дар Оби Сурх корҳои баҳодиҳии тиллои пошхӯрда ба анҷом расида, ҳисоботи захираҳо ба Фонди иттилоотии геологӣ пешниҳод гардид.
Таваҷҷуҳи махсус ба металлҳои нодир равона шудааст. Таҳлили 300 намуна дар Назарайлок мавҷудияти литий, ниобий, кобалт, лантан, стронсий, иттрий, бериллий ва дигар элементҳоро тасдиқ намуд. Ҳамзамон дар қитъаи Ёсуман нӯҳ ҷисми пегматитӣ бо нишонаҳои литий ва дигар металлҳои стратегӣ муайян карда шуданд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданок 67 мавод пешниҳод гардид. Дар натиҷаи экспертизаи давлатӣ захираҳои тилло, нуқра, оҳан, сурб, руҳ, волфрам, ангишт, оҳаксанг, мармар, гранит ва дигар канданиҳои фоиданок тасдиқ гардида, ба тавозуни давлатӣ ворид шуданд.

Дар Саридораи геология таъкид намуданд, ки натиҷаҳои бадастомада ҳанӯз ба марҳилаи корҳои иктишофӣ тааллуқ доранд ва оғози истихроҷи саноатӣ танҳо баъди тасдиқи пурраи захираҳо имконпазир хоҳад буд.
Акс: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
