Остона, 03 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар нимаи аввали соли 2026 шумораи ташрифҳои байналмилалии сайёҳӣ дар ҷаҳон ба 690 миллион расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 фоиз афзудааст. Чунин маълумотро Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ (UN TOURISM – ЮН ТУРИЗМ) пешниҳод мекунад.

Афзоиши назаррас дар Африқо – 4%, Аврупо – 3% ва Амрико – 2% ба қайд гирифта шудааст. Дар Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором ин рақам 1 фоиз афзудааст. Дар баробари ин, дар Шарқи Наздик шумораи ташрифҳои сайёҳӣ дар заминаи низоъи минтақавӣ 22 фоиз коҳиш ёфтааст.
Тибқи арзёбии UN TOURISM (ЮН ТУРИЗМ), ба сайёҳии байналмилалӣ ноустувории геополитикӣ, таваррум, нархи баланди нафт, инчунин гароншавии сафарҳои ҳавоӣ ва манзил таъсир мерасонанд.
Бо вуҷуди мушкилоти боқӣ монда, коршиносон ба барқарорсозии соҳа умед мебанданд. Тақрибан 45% мутахассисони пурсидашуда интизоранд, ки нишондиҳандаҳо дар моҳҳои охири сол беҳтар шаванд.
Дар баробари ин, UN TOURISM (ЮН ТУРИЗМ) пешгӯии солонаро аз нав дида баромада, суръати афзоиши интизоршудаи ташрифҳои байналмилалии сайёҳиро аз 3-4% то 1-2% коҳиш дод. Динамикаи минбаъда аз вазъи геополитикӣ ва таъсири он ба иқтисоди ҷаҳонӣ вобаста хоҳад буд.
Аксҳо: созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ (UN Tourism)
