Остона, 18 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон назорати таваррум ва нархи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро тақвият медиҳанд. Дар машварат таҳти раёсати Вазири иқтисоди миллӣ Серик Ҷумангарин вазъи бозорҳои озуқаворӣ ва дигар бозорҳоро баррасӣ намуданд.

Таварруми солона дар кишвар ба 10,2% расид, дар ҳоле, ки дар як қатор минтақаҳо нишондиҳанда аз миёна баландтар аст. Вазир дастур дод, ки параметрҳои болоравии тарофаҳои танзимшаванда аз нав дида баромада шаванд, то таъсири онҳо ба нархҳо коҳиш ёбад.
Дар моҳи июл таварруми озуқаворӣ то 0,4% суст шуд. Нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим 0,3% коҳиш ёфтааст. Ба шакар диққати махсус дода шуд: дар моҳҳои январ–июн 77 ҳазор тонна истеҳсол намуда шуд ва барои мӯътадил намудани бозор воридоти бебоҷӣ то 100 ҳазор тонна шакар иҷозат дода шуд.
Дар бозори маҳсулоти ширӣ нархҳо дар моҳи июл қариб тағйир наёфтаанд. Афзоиши арзиши нон низ аз сатҳи пешбинишуда боқӣ мемонад. Мақомот ният доранд, ки бо истеҳсолкунандагон ёддоштҳо дар бораи мӯътадилсозии нархҳо ба имзо расонанд.
Минтақаҳои дорои таваррум низ супориш гирифтанд – онҳо бояд бо таъминкунандагон гуфтушунид кунанд ва барои нигоҳ доштани арзиши молҳо ва хидматҳо чораҳо андешанд.
“Махсусан муҳим аст, ки суръатбахшии нархҳо дар минтақаҳое, ки таваррум аз сатҳи миёнаи ҷумҳуриявӣ зиёд аст, пешгирӣ намуда шавад. Кори суроғавӣ барои ҳар як бозор зарур аст ва вазъ ва натиҷаҳои тадбирҳо ҳар ҳафта таҳлил намуда мешаванд”, — таъкид намуд Серрик Ҷумангарин.

Аксҳо: МНЭ ҶҚ
