Вазири кишоварзии ҶҚ ва намояндаи КИА сиёсати агросаноатиро муҳокима намуданд - ИА Караван Инфо
Вазири кишоварзии ҶҚ ва намояндаи КИА сиёсати агросаноатиро муҳокима намуданд

Алмаато, 14 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар доираи ҷаласаи 7-уми Шӯрои сиёсати агросаноатии ИИАО вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Айдарбек Сапаров бо узви Коллегия вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосие Гоар Барсегян мулоқоти дуҷониба доир намуд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки татбиқи сиёсати мувофиқашудаи аграрии давлатҳои аъзои иттиҳодияро муҳокима намуданд. Ба таҳияи созишномаи байналмилалӣ, ки гардиши озоди маҳсулоти органикӣ дар тамоми ҳудуди ИИАО-ро таъмин мекунад, диққати махсус дода шуд.

Илова бар ин, иштирокчиёни вохӯрӣ такмили механизмҳои дастгирии давлатӣ ва молиявии комплекси агросаноатӣ, инчунин дурнамои васеъ намудани кооператсияи истеҳсолиро баррасӣ намуданд. Айдарбек Сапаров таъкид намуд, ки таъсиси корхонаҳои муштарак ва ташаккули занҷирҳои устувори арзиш имкон медиҳад, ки рақобатпазирии маҳсулоти кишварҳои Иттиҳод ба таври назаррас баланд бардошта шавад.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи кори фаъоли муштарак дар тамоми самтҳои асосии ҳамгироии аграрӣ тасдиқ намуданд.

Қазоқистон таҳкими робитаҳои шарикиро дар доираи ИИАО идома дода, ба эҷоди стандартҳои ягона ва васеъ намудани тиҷорати мутақобила мусоидат мекунад.

Сурат: ВК ҶҚ