Вазорати тандурустии Қазоқистон усулҳои генетикиро барои ташхиси саратон ҷорӣ мекунад - ИА Караван Инфо
Вазорати тандурустии Қазоқистон усулҳои генетикиро барои ташхиси саратон ҷорӣ мекунад

Остона, 29 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазорати тандурустӣ ба Стандарти ташкили ташхиси лабораторӣ ислоҳот омода намуд. Ҳуҷҷат усулҳои молекулавӣ – генетикии тадқиқотро барои озмоишгоҳҳои истинод (озмоишгоҳи истинод маркази эталонӣ, ки таҳлилҳои мураккаб ва беназирро мегузаронад) дар онкология ҷорӣ мекунад. Инчунин усули гистологӣ (таҳқиқи бофтаҳо) аз лабораторияҳои клиникӣ хориҷ намуда мешавад ва ба хадамоти патологоанатомия интиқол дода мешавад.

Тағйиротҳо ба бартараф намудани ихтилофҳо байни ҳуҷҷатҳои меъёрӣ стандартҳои кӯмаки тиббӣ, талаботи литсензия ва хусусиятҳои тахассусии табибон равона намуда шудаанд. Вазорати тандурустӣ қайд намуд, ки ин меъёрҳоро ба талаботи муосири системаи тандурустӣ мутобиқ мекунад.

Аксҳо: pixabay / marionbrun (pixabay / marionbrun)