Душанбе, 18 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин рӯзҳои 19–20 ноябр баъд аз иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Форуми ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (АТЭС) бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар додааст.
Тавре дар иттилоияи расмӣ зикр шудааст, дар ҷараёни музокирот баррасии масъалаҳои калидии рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия, инчунин мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар аст.
Сафари дарпешистода марҳилаи муҳими идомаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ миёни Душанбе ва Москваро ташкил медиҳад. Тоҷикистону Россияро муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба ҳам мепайванданд, ки самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, иқтисод ва робитаҳои гуманитариро фаро мегиранд.
Дар шароити тағйирёбандаи вазъи байналмилалӣ ва зарурати ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои суботи минтақавӣ чунин мулоқотҳо аҳаммияти хос доранд. Интизор меравад, ки музокироти роҳбарони ду кишвар имкон фароҳам оварад, то ҷонибҳо мавқеъҳои худро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба баррасӣ намуда, қадамҳои минбаъдаро барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ муайян созанд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
