Дар Тоҷикистон то соли 2029 нисбат ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна мораторий ба санҷишҳо ҷорӣ мешавад
Душанбе, 29 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то 1 январи соли 2029 нисбат ба ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон кард. Санҷишҳои мақомоти андоз аз ин маҳдудият истисно мебошанд.

Ин тадбир дар фармони Сарвари давлат пешбинӣ шудааст. Мораторий санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро фаро мегирад, ба истиснои санҷишҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз гузаронида мешаванд.
Тибқи санад, Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст дар давоми як моҳ барои татбиқи фармони мазкур санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
