Ҳаҷми истеҳсоли фармпродуксия дар ҶҚ 37 % афзуд - ИА Караван Инфо
Ҳаҷми истеҳсоли фармпродуксия дар ҶҚ 37 % афзуд

Остона, 7 сентябри 2026 ш. – ОИ Караван Инфо. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои дорусозии Қазоқистон дар давоми се соли охир 37 фоиз афзуда, ба 191 миллиард тенге расид. Дар нимсолаи аввали соли 2026 ба маблағи 126,6 миллиард тенге – нисбат ба як соли қабл қариб 30 фоиз зиёд доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ истеҳсол шудааст. Ҳиссаи маҳсулоти ватанӣ аз ҷиҳати физикӣ ба 40,3 фоиз расид. Чунин маълумотро Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардааст.

Имрӯз дар кишвар 209 истеҳсолкунандаи маҳсулоти дорусозӣ ва тиббӣ, аз ҷумла 43 корхонаи доруворӣ фаъолият мекунанд. Ҳашт лоиҳаи калон имкон медиҳанд, ки бори аввал дар Қазоқистон истеҳсоли зиёда аз 494 номгӯи доруҳо, аз ҷумла барои табобат ташкил карда шавад:

• бемориҳои саратон;

• бемориҳои дилу раг;

• бемориҳои аутоиммунӣ ва нодир (орфанӣ) ;

• бемориҳои сироятӣ;

• диабети қанд.

“Афзоиши истеҳсолот маънои доруҳои дастрас барои беморон ва системаи устувори таъминоти дорувории кишварро дорад” гуфт хадамоти матбуотии идора.

Аксҳо: pixabay / kravaivan11 (pixabay/kravaivan11)