Ҷавонон барои таҳкими адолати судӣ дар Тоҷикистон пешниҳодҳо ироа мекунанд - ИА Караван Инфо
Ҷавонон барои таҳкими адолати судӣ дар Тоҷикистон пешниҳодҳо ироа мекунанд

Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе Форуми 4-уми миллии ҷавонон оид ба Ҳадафи рушди устувори 16 — «Сулҳ, адолат ва ниҳодҳои муассир» баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш 75 нафар роҳбарони ҷавон ва фаъолон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Онҳо роҳҳои ҷалби ҷавононро ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муайян кардани афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ карданд.

Форумро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ташкил карданд.

Ҳадафи рушди устувори 16 ба бунёди ҷомеаҳои осоиштаву фарогир, таъмини дастрасии ҳама ба адолати судӣ ва таъсиси ниҳодҳои муассиру ҳисоботдиҳанда дар тамоми сатҳҳо равона шудааст. Барои Тоҷикистон, ки ҷавонон беш аз нисфи аҳолии онро ташкил медиҳанд, иштироки онҳо дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ барои суботи иҷтимоӣ ва рушди устувор аҳамияти хос дорад.

Форум барои муколамаи мустақими ҷавонон бо коршиносони ҳуқуқи инсон, мушовирони ҳуқуқӣ ва намояндагони мақомоти давлатӣ замина фароҳам овард. Мушкилоти ҳуқуқии замони рақамӣ, механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва татбиқи амалии меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ аз мавзӯъҳои асосии баҳс буданд.

Дар бахшҳо ва ҷаласаҳои интерактивӣ иштирокчиён чанд самти ниёзманди роҳҳалҳои амалӣро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дастгирии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва мусоидат ба ҳамгироии муҳоҷирон ва гурезаҳо; дастрасии ҷавонон ба иттилооти ҳуқуқӣ; баланд бардоштани саводи рақамӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ дар интернет. Зарурати роҳандозии хизматрасониҳои рақамии ҳуқуқии фаҳмо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавзӯи дигар фарогирӣ ва ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир буд. Иштирокчиён аҳамияти дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат ва инфрасохтор барои шахсони дорои маъюбият, инчунин ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро таъкид карданд.

Дар натиҷаи форум роҳбарони ҷавон тавсияҳои амалиро таҳия намуданд. Қарор аст онҳо дар Форуми миллии дарпешистодаи тартиботи ҳуқуқӣ, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад, расман пешниҳод шаванд. Бо ин роҳ, пешниҳодҳои иштирокчиён бояд ба баррасии сиёсати давлатии ҳуқуқии кишвар ворид гарданд.

Акс: Барономаи рушди СММ дар Тоҷикистон.