Қазоқистон манъи содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро то моҳи ноябри соли 2026 тамдид мекунад – ИА Караван Инфо
Қазоқистон манъи содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро то моҳи ноябри соли 2026 тамдид мекунад

Остона, 20 апрели соли 2026-АИ «Караван инфо». Вазорати энергетика ният дорад, ки манъи муваққатии содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва намудҳои алоҳидаи маҳсулоти нафтро аз ҳудуди Қазоқистон тамдид кунад.

Тибқи лоиҳаи фармон, аз 21 май то 21 ноябри соли 2026 манъи содироти маҳсулоти нафтӣ бо нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла ба давлатҳои узви ИИАО тамдид намуда мешавад. Ҳамзамон маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти нафтӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан (дистиллятҳои сабук) нигоҳ дошта мешаванд.

Аз 1 июл то 31-уми декабри соли 2026 манъи иловагӣ барои содироти дистиллатҳои сабук, авиакеросин, сӯзишвории дизелӣ, газойл, толуол, ксилол ва битуми нафтӣ аз ҳудуди гумрукии ИИАО тамдид намуда мешавад.

Тадбирҳо ба таъмини амнияти энергетикӣ ва устувории бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ равона намуда шудаанд.

Аксҳо: pixabay / Moni49

error: