Мюнхен, 17 сентябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Дар Мюнхен аввалин ҷаласаи гурӯҳи Кории Қазоқистон-Бавария оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва кишоварзӣ баргузор шуд. Ҳамраиси он муовини вазири саноат ва сохтмони Қазоқистон Олжас Сапарбеков ва вазири давлатии бавария оид ба корҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ Эрик Байссвенгер буданд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии профилӣ, институтҳои рушд ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар иштирок намуданд. Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муҳокима намуданд. Диққати асосӣ ба рушди инноватсия ва технологияҳои баланд дар соҳаҳои захираҳои ашёи хом, энергетика, технологияҳои экологӣ, мошинсозӣ ва идоракунии захираҳои об, инчунин ҳамкорӣ дар хоҷагии қишлоқ равона намуда шудааст.
Дурнамои ҳамкорӣ дар шаҳрсозӣ ва нақлиёт, инчунин рушди таҳсилоти касбии дуалӣ (якҷоя бо истеҳсолот) бо иштироки муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва ҷомеаи тиҷоратии Бавария алоҳида баррасӣ намуда шуданд.
Дар натиҷа, ҷонибҳо манфиати мутақобиларо дар рушди ҳамкории амалӣ тасдиқ намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки кори худро оид ба таҳияи механизмҳои мушаххаси татбиқи ташаббусҳои муштарак идома диҳанд.
Акс: Вазорати саноат ва сохтмони ҶҚ
