Қазоқистон ва Хорватия тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Хорватия тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд

Остона, 20 апрели соли 2026-АИ «Караван инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов сафири Хорватия Рефик Шабановичро қабул намуд. Ҷонибҳо рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои сиесӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ – гуманитарӣ баррасӣ намуда, динамикаи мусбатро қайд намуданд.

Ба густариши тиҷорати мутақобила ва ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаи маориф, илм ва сайёҳӣ диққати махсус дода шуд. Аҳамияти фаъолсозии робитаҳо байни доираҳои тиҷоратӣ таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди муколама ва идомаи ҳамкорӣ дар форматҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.

Аксҳо: pixabay / geralt

error: