Остона, 12 майи соли 2026-АИ Караван инфо. Дар Остона ҷаласаи дуюми комиссияи Байниҳукуматии Қазоқистон ва Индонезия оид ба ҳамкории иқтисодӣ гузаронида шуд, ки бори аввал дар 13 соли охир баргузор гардид. Ҷонибҳо рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва сайеҳиро баррасӣ намуданд.

Ҳайати қазоқистонро муовини сарвазир Серрик Жумангарин роҳбарӣ намуд, ки аҳамияти Индонезияро ҳамчун яке аз шарикони калидии Кишвар дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ қайд намуд.
“Ин як пули стратегӣ байни ИА ва бузургтарин иқтисоди АСЕАН аст, ки нуқтаҳои нави рушдро барои содирот ва ҳамкории саноатӣ мекушояд”. Серик Ҷумангарин таъкид намуд

Қазоқистон пешниҳод намуд, ки интиқоли маҳсулот, аз ҷумла омехтаҳои феррӣ, ғалла ва маҳсулоти гӯштии ҳалол васеъ намуда шавад. Ҷонибҳо ба амнияти озуқаворӣ ва рушди саноати ҳалол диққати махсус доданд.
Ҷониби индонезия ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, рақамисозӣ, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ изҳори манфиатдорӣ намуд.
“Мо пешрафтро дар як қатор ташаббусҳои дуҷониба қайд мекунем ва ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ манфиатдорем”, — изҳор дошт вазири ҳамоҳангсози Корҳои иқтисодии Индонезия Эйрлангга Хартарто.

Ҳамчунин ҷонибҳо рушди хатсайрҳои нақлиётӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқиро баррасӣ намуда, протоколи ҷамъбастии ҷаласаи комиссияро имзо намуданд.
Аксҳо: ВИМ ҶҚ
