Остона, 13 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Остона ҷаласаи 10-уми комиссияи Байниҳукуматии қазоқистон ва лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд. Ҳамраисони муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов ва муовини вазири рушди иқтисодӣ ва технологияҳои Лаҳистон Михал Барановский.

Исетов таъкид намуд: “Лаҳистон шарики боэътимоди Қазоқистон дар Аврупои Марказӣ – Шарқӣ ва Иттиҳоди Аврупо мебошад. Аз лаҳзаи барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ, Остона ва Варшава муколамаи сиёсии созандаро тақвият медиҳанд ва робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро васеъ мекунанд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар МАС, энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёт, дорусозӣ ва технологияҳои рақамиро баррасӣ намуданд. Ҷониби Лаҳистон ба тадбирҳои диверсификатсияи иқтисодиёти Қазоқистон изҳори манфиатдорӣ намуд.
Протоколи ҷаласаи 10-уми МПК ба имзо расид.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
