Қазоқистон ва Швейтсария машваратҳои байни вазоратии корҳои  хориҷавӣ гузарониданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Швейтсария машваратҳои байни вазоратии корҳои  хориҷавӣ гузарониданд

 Остона, 10 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов дар даври 7-уми машваратҳо байни идораҳои сиёсати хориҷии Қазоқистон ва Швейтсария иштирок намуд. Ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Исетов ҷониби швейтсарияро бо афзалиятҳои дигаргуниҳои дохилисиёсӣ дар Қазоқистон шинос намуд ва дар ташкили анҷумани миллӣ (Курултай) алоҳида таваққуф кард. Нақши ҳамкории парлумонӣ дар таҳкими робитаҳо таъкид карда шуд. Дипломат ба ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармоягузорӣ барои лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, рақамисозӣ, идоракунии захираҳои об, металлҳои нодир, энергетикаи сабз ва саноати атомӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Директори Дивизиони Авруосиёи департаменти Федералии корҳои хориҷии Швейтсария дар мақоми сафир Пер-Ив Фукс лоиҳаҳои минтақавии швейтсарияро дар соҳаи идоракунии захираҳои об ва муҳоҷират пешниҳод намуд ва инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи экология, кӯмаки расмӣ ба рушд (КРР) ва ҳамкории ҳуқуқӣ нақл кард. Вай имкониятҳои васеъ намудани заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳоро таъкид намуд.

Ҷонибҳо ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва пешбурди равишҳои умумӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзнома баррасӣ намуданд. Ҷадвали тамосҳои сиесии дарпешистода баррасӣ намуда шуд.

Дар доираи сафар Исетов бо котиби Давлатии департаменти Федералии корҳои хориҷии Швейтсария Александр Фазел мулоқоти алоҳида баргузор намуд. Мусоҳибон масъалаҳои мубрами рӯзномаи геополитикӣ ва ҳамкории минбаъдаро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

“Мо таваҷҷӯҳи худро ба таҳкими минбаъдаи шарикии қазоқистону швейтсария ва густариши ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок тасдиқ мекунем”, – қайд намуданд ҷонибҳо дар натиҷаи вохӯриҳо.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ