Қазоқистон ва Туркия дар рушди инфрасохтори ЗС қувваҳоро муттаҳид мекунанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Туркия дар рушди инфрасохтори ЗС қувваҳоро муттаҳид мекунанд

Остона, 19 апрели соли 2026 – АИ «Караван Инфо». Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов дурнамои васеи ҳамкориҳои Қазоқистон ва Туркияро дар бахшҳои таҳсилоти IT, финтех, киберамният ва хадамоти электронӣ қайд намуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи 14-уми комиссияи байниҳукуматӣ ӯ таъкид намуд, ки дар назди ҳукумати Қазоқистон вазифаи пурра ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои навсозии тамоми бахшҳои иқтисодиёт қарор дорад.

«Дар Остона ду кластери бузургтарини суперкомпютерҳо дар Осиёи Марказӣ ба кор даромад ва маркази байналмилалии зеҳни сунъӣ Alem.AI кушода шуд. Лоиҳаи “Водии марказҳои маълумот” барои сармоягузорон тавассути имтиёзҳои андоз ва шароити мусоиди энергетикӣ амалӣ намуда мешавад. Қазоқистон ба рушди муштараки ин инфрасохтор даъват мекунад», — гуфт Олжас Бектенов.

Вай ҳамчунин қайд намуд, ки дар чаҳорчӯби Созмони кишварҳои туркӣ тарҳҳои таъсиси Шӯрои амнияти киберӣ ва таҳияи муштараки моҳвораи CubeSat-12U амалӣ мешаванд. Қазоқистон омодагии худро барои ҳамкории зич бо Туркия дар ҳамаи ин соҳаҳо изҳор дошт.

Аксҳо: Ҳукумати ҶҚ

error: