Баррасии самтҳои ҳамкорӣ дар мулоқот бо роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор - ИА Караван Инфо
Баррасии самтҳои ҳамкорӣ дар мулоқот бо роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор

Душанбе, 15 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ҳошияи Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд 13 октябри соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода нахуст бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Ли, сипас бо директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳад Азур мулоқот намуданд.

Дар мулоқот бо муовини директори иҷроияи ХБА ҷаноби Бо Ли натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки идомаи ислоҳоти иқтисодию молиявӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои такмили сиёсати пулию қарзӣ, рушди бозори асъор, таҳкими назорат ва танзими фаъолияти бонкӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини амнияти кибериро муҳокима намуданд.

Дар мулоқот бо директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳад Азур масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ, рушди низоми бонкӣ ва такмили сиёсати пулию қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди таҳлил ва пешгӯии макроиқтисодӣ, такмили воситаҳои арзёбии хавфҳои низомӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва рақамикунонии ҳисоботу таҳлил дар бахши молиявӣ табодули назар карданд.

Дар анҷоми мулоқотҳо ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории судманд омодагӣ изҳор намуда, аҳамияти дастгирии техникию машваратии ХБА-ро дар самтҳои афзалиятноки ислоҳоти иқтисодию молиявӣ таъкид карданд.

Акс: Бонки миллии Тоҷикистон