Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ИА Караван Инфо
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 15 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамлаҳои ахир ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки боиси ҳалокат ва захмӣ шудани шаҳрвандони бегуноҳ гардиданд, изҳори нигаронии амиқ мекунад.

Чунин амалҳо боиси ташаннуҷи вазъият мегарданд ва талошҳо барои таъмини сулҳу субот дар Ховари Миёнаро халалдор месозанд.

Аз ҷонибҳои даргир даъват мешавад, ки   ҳарчи зудтар ба ҷангу низоъ хотима бахшанд ва барои ҳаллу фасли ихтилоф аз роҳи музокирот кор гиранд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои қурбониён изҳори таслияти амиқ  менамояд.

 Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон