Душанбе, 15 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонони 13 шаҳру ноҳияи мамлакат семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Технологияҳои инноватсионии парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахта дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии семинар шиносоӣ бо усулҳои муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои обӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ ва пахта дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим ва камбуди захираҳои об истифодаи оқилонаи замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои пешрафтаи кишоварзӣ аҳамияти хосса дорад. Аз ин рӯ, баргузории чунин семинарҳо барои мубодилаи таҷриба, омӯзиши дастовардҳои пешқадам ва баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисону кишоварзон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни баргузории семинар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳа ба иштирокчиён оид ба тарзи дурусти кишти гандуми тирамоҳӣ, риояи муҳлати кишт, интихоби навъҳои серҳосил, истифодаи самараноки оби полезӣ ва татбиқи усулҳои муосири парвариши пахта маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки барои ба даст овардани ҳосили баланд танҳо кишти саривақтӣ кофӣ набуда, истифодаи тухмиҳои хушсифат, нигоҳубини дурусти зироат, таъмини ғизои растанӣ ва татбиқи технологияҳои сарфакунандаи об низ нақши муҳим доранд.


Дар идомаи семинар иштирокчиён аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта шинос шуда, фаъолияти техникаҳои муосири пахтачинӣ ва имкониятҳои истифодаи онҳо дар хоҷагиҳои кишоварзиро мушоҳида карданд. Ба кор шурӯъ кардани техникаҳои пахтачинӣ дар ҳузури меҳмонон яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ ба ҳисоб мерафт. Истифодаи техникаҳои муосир имкон медиҳад, ки ҷамъоварии ҳосил дар муҳлати кӯтоҳтар анҷом ёфта, хароҷоти меҳнат коҳиш ва самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ баланд бардошта шавад.
Дар ноҳияи Шаҳринав низ барои ҷамъоварии ҳосили пахта тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 345 гектар пахта кишт карда шудааст, ки аз ин 100 гектари он бо истифодаи усули парвариш зери плёнка мебошад. Ин усул дар сурати риояи талаботи агротехникӣ метавонад барои беҳтар шудани шароити нашъунамои растанӣ, нигоҳ доштани намии хок ва самаранок истифода бурдани захираҳои об мусоидат намояд. Тибқи иттилои намояндагони Вазорати кишоварзӣ, бо истифодаи усулҳои пешрафтаи агротехникӣ ва нигоҳубини дурусти зироатҳо имсол аз ҳар гектар то 60 сентнер ҳосили пахта ба даст овардан дар назар аст.


Иштироки деҳқонон аз 13 шаҳру ноҳияи мамлакат дар ин семинари минтақавӣ имконият фароҳам овард, ки онҳо бо таҷрибаи ҳамдигар шинос шуда, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намоянд. Дар маҷмӯъ, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-амалӣ барои татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти муҳим дорад.
Зеро истифодаи самараноки замин ва об, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои деҳқонон аз омилҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор мераванд.
Акс: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
