Душанбе, 15 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон барои таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ тавассути ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ қадамҳои амалӣ гузошта мешаванд.

Рӯзи 13-уми октябри соли 2026 дар Театри миллии Тоҷикистон маросими расмии супоридани омехтаҳои витамину минералҳо ва йодати калий ба Муассисаи фаръии давлатии «Фонди гардиши ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ» баргузор гардид.
Ин иқдом дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд амалӣ карда мешавад.
Мушкилоти норасоии микронутриентҳо — «гуруснагии пинҳонӣ» — яке аз даъватҳои ҷиддӣ барои иқтисодҳои дар ҳоли рушд боқӣ мемонад. Норасоии оҳан, кислотаи фолий, витаминҳои гурӯҳи B ва йод ба афзоиши хатари камабдонӣ, бозмондани рушди кӯдакон ва нуқсонҳои ҳомиладорӣ оварда мерасонад. Қабули Қонун «Дар бораи таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии ғанигардонидашуда» ва «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он барои солҳои 2022–2027» (Қарори Ҳукумати ҶТ №415) ин самтро ба яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил дод.

Азбаски орд ва намак асоси ғизои ҳаррӯзаи аксарияти сокинони кишварро ташкил медиҳанд, ғанигардонии онҳо аз ҷониби коршиносон усули муассиртарин ва фарогири пешгирии бемориҳо бе тағйир додани одатҳои ғизоии мардум эътироф шудааст.
Чорабиниро муовини аввали вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода ифтитоҳ кард. Ҳисоботи муфассалро дар бораи нишондиҳандаҳои харид ва логистика директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Далер Саторӣ пешниҳод намуд.
Тибқи нақшаи тасдиқшудаи лоиҳа, то моҳи апрели соли 2027 ба ҷумҳурӣ ворид намудани маводи зерин пешбинӣ шудааст:
100 тонна омехтаҳои витамину минералӣ барои ғанигардонии орди гандум.
1,2 тонна йодати калий барои истеҳсоли намаки йоднок.
То имрӯз ба кишвар 100%-и ҳаҷми пешбинишудаи йодати калий (1,2 тонна) ва 10 тонна омехтаҳои витамину минералӣ ворид ва ба Фонди гардиш супорида шудаанд. Боз 20 тонна омехтаҳои дигар дар марҳилаи расмиёти гумрукӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ба фонд супорида мешаванд. Фонд тақсимоти мунтазами ин маводро миёни корхонаҳои коркарди орд ва истеҳсоли намак таъмин менамояд.

Дар муҳокимаи меъёрҳои сифат ва механизми тақсимот муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Мустафо Муминзода, муовини директори Агентии «Таджикстандарт» Малоҳат Рустамзода, роҳбари лоиҳа аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Хазем Иброҳим Ҳанбал ва намояндаи Вазорати тандурустӣ Анушервони Билол иштирок карданд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки шарти асосии муваффақияти ин раванд назорати мунтазами лабораторӣ дар ҳама марҳилаҳо — аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр дар бозорҳо — ва огоҳии бештари истеъмолкунандагон дар бораи нишона ва фоидаи маҳсулоти ғанигардонидашуда мебошад.
Акс: Маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ
