Дар минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон автоматикунонии 103 канали обёрӣ оғоз ёфт - ИА Караван Инфо
Дар минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон автоматикунонии 103 канали обёрӣ оғоз ёфт

Остона, 24 августи соли 2026 Иа Караван Инфо. Дар доираи навсозии комплексии инфрасохтори хоҷагии об дар ҷануби Қазоқистон корҳо оид ба автоматикунонии 103 канали обёрӣ оғоз ёфт. Дарозии умумии иншоотҳо 857 км, ва майдони заминҳои обёришаванда 65 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, автоматикунонии 270 канали қаблан навсозишуда бо дарозии 1184 км, инчунин 264 лоиҳаи таҷдид бо ҷорӣ намудани системаҳои муосири баҳисобгирии об таҳия намуда мешавад. Тавре, ки муовини вазири захираҳои об ва обёрӣ Аслан Абдраимов қайд намуд, ҷорӣ намудани воситаҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки системаи бисёрқабатаи идоракунии захираҳо таъсис дода шавад ва амнияти оби кишвар таъмин карда шавад.

Барои идоракунии соҳа, идора системаи миллии иттилоотии захираҳои обро (НИСВР) оғоз намуд, ки дар он маълумот дар бораи 23 ҳазор иншоотҳои обӣ (аз ҷумла дарёҳо, кӯлҳо ва иншооти гидротехникӣ) рақамӣ намуда шудааст. Илова бар ин, раванди бастани шартномаҳо барои интиқоли об тавассути системаи нави биллингӣ ба формати электронӣ гузаронида шудааст аз аввали сол зиёда аз 29 ҳазор созишнома ба имзо расидааст.

Аксҳо: Вазорати об ва обёрии ҶҚ