Душанбе, 03 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар қисми ғарбии шаҳри Душанбе татбиқи лоиҳаи сохтмони зеристгоҳи 220/110/10 кВ «Ғарбӣ», ки дар маҳаллаи Ҷӯйбодом ҷойгир мегардад, оғоз шуд.

Лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқии иншооти иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахт, инчунин ба коҳиш додани сарборӣ ба зеристгоҳҳои амалкунандаи 220/110/10 кВ «Нав» ва «Дарёканор» равона гардидааст.
Дар доираи лоиҳа иҷрои маҷмӯи корҳои сохтмонӣ, васлгарӣ ва муҳандисию техникӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар иншоот сохтмони зеристгоҳи нав бо ба истифода додани 10 ҳуҷайраи пайвастшавии шиддати 220 кВ, 12 ҳуҷайраи пайвастшавии шиддати 110 кВ, инчунин насби ду автотрансформатори иқтидорашон ҳар яке 200 МВА ва ду трансформатори танзими шиддат бо иқтидори ҳар яке 40 МВА ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз марҳилаҳои асосии татбиқи лоиҳа сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 кВ ба ҳисоб меравад, ки омодасозии таҳкурсӣ барои конструксияҳои порталмонанд, кашидани ноқилҳо, насби таҷҳизоти электрикӣ ва сохтмони каналҳои кабелиро дар бар мегирад.
Илова бар ин, тибқи лоиҳа таъсиси дастгоҳҳои тақсимкунандаи 10 кВ (РУ-1 ва РУ-2) бо сохтмони биноҳои дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшида, насби таҷҳизот, гузоштани реакторҳои маҳдудкунандаи ҷараён ва бунёди 30 ҳуҷайраи пайвастшавӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар таркиби зеристгоҳ сохтмони бинои дуошёнаи ОПУ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он системаҳои ҳифзи релегӣ ва автоматика, инчунин низомҳои муосири рақамии идоракунӣ ва мониторинг ҷойгир карда мешаванд. Дар баробари ин, бунёди иншооти ёрирасон, аз ҷумла анбор, дастгоҳи дизелӣ-генераторӣ ва системаи таъминоти об низ дар назар аст.
Татбиқи ин лоиҳа қадами муҳим дар рушди инфрасохтори энергетикии шаҳри Душанбе буда, барои таъмини устувору боэътимоди барқ дар қисми ғарбии пойтахт заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: tgem.tj, ТГЭМ — ширкати пешсафи сохтмони иншооти инфрасохторӣ ва гидроэнергетикӣ
