Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе лоиҳаи Нақшаи амал барои солҳои 2027–2030 ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардид.

Ҳуҷҷат 108 чорабиниро дар 13 самт пешбинӣ намуда, ба коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ, иқтисодиёт ва экосистемаҳо дар баробари тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Семинари ҷамъбастии лоиҳаи «Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ барои Тоҷикистон» 28 октябри соли 2026 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон доир шуда, аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ гардид.
Дар семинар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва муассисаҳои илмию таълимӣ иштирок карданд.

Зимни муҳокимаҳо аҳаммияти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои амнияти экологӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид гардид. Ҳамгироии масъалаҳои иқлимӣ ба банақшагирии давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ, тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби маблағгузории иқлимӣ аз самтҳои муҳим арзёбӣ шуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои такмили низоми мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ, рушди омори иқлимӣ ва омода кардани мутахассисон баррасӣ гардиданд. Натиҷаҳои таҳияи барномаи магистрӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва модулҳои омӯзиши электронӣ низ пешниҳод шуданд.
Дар ҷамъбаст зарурати идомаи ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд таъкид гардида, ба инобат гирифтани ниёзҳои ҷомеаҳои осебпазир, занон ва ҷавонон дар татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ муҳим дониста шуд.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
