Душанбе, 28 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Донишҷӯёни ҶС “Донишгоҳи Тиббии Семей” дар Душанбе лоиҳаҳои стартапро бо истифода аз зеҳни сунъӣ пешниҳод намуданд. Муаррифии он дар донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дар доираи Рӯзҳои тибби қазоқистон баргузор гардид. Донишҷӯён ва табиби резидент таҳти роҳбарии Мудири кафедра Сауле Рахижанова дар бораи пешрафтҳои худ дар соҳаи тандурустии рақамӣ ва ЗС сӯҳбат намуданд.

Акилбеков Бакитбек, донишҷӯи курси чорум Калиев Сернад ва курси сеюм Акимова Аделия лоиҳаҳоеро нишон доданд, ки таваҷҷӯҳи ҳамкорони тоҷикро ба бор оварданд. Ҳамчунин мастер-класси “технологияҳои Симулятсионӣ дар тайёр намудани духтури асри XXI” бо истифода аз робот-симулятори “Леонардо” гузашт. Дарсро мудири кафедраи технологияҳои симулятсионӣ ва таълимии МУС Жанар Смагулова гузаронид.
Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ
