Душанбе, 15 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Думаи давлатии Федератсияи Русия 13 май дар қироати аввал ду лоиҳаи қонунро тасдиқ кард, ки ба таври назаррас сахттар шудани қонунгузории муҳоҷиратро пешбинӣ мекунанд.

Тавре раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин изҳор дошт, ин ташаббусҳо ба «такмили минбаъдаи сиёсати муҳоҷират» ва тақвияти назорат болои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия равона шудаанд.
Тибқи лоиҳаи аввал, шаҳрвандони хориҷие, ки доғи судии кушоданашуда ё барҳамнахӯрда доранд ва барои ҳар гуна ҷиноят — хоҳ дар Русия ва хоҳ берун аз он — маҳкум шудаанд, новобаста аз дараҷаи ҷиноят, наметавонанд шаҳрвандии Русия, иҷозаи зист ё иҷозати будубоши муваққатӣ гиранд. Илова бар ин, дар чунин ҳолатҳо бекор кардани иҷозатҳои қаблан додашудаи зист ва будубош низ пешбинӣ мешавад.
Лоиҳаи дуюм рӯйхати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро, ки барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ асос мешаванд, ба таври ҷиддӣ васеъ мекунад. Шумораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 22 ба 43 расонда мешавад.
Ба миёни асосҳои нав, аз ҷумла, моддаҳои марбут ба фаъолияти сиёсӣ ва ибрози мавқеи ҷамъиятӣ шомил шудаанд. Сухан дар бораи «бадномсозии» нерӯҳои мусаллаҳи Русия, даъват ба ҷорӣ ё идомаи таҳримҳо, паҳн кардани маводи ифротгароёна, намоиши рамзҳои манъшуда, инчунин нақзи қонунгузорӣ дар бораи ВАО меравад.
Ғайр аз ин, иштирок дар гирдиҳамоиҳои номувофиқашуда, нақзи ҳолати фавқулода ё ҷангӣ, эҷоди монеа дар фаъолияти инфрасохтори нақлиётӣ ва майдаавбошӣ бо саркашӣ аз итоат ба полис низ метавонанд асоси депортатсия бошанд. Дар як қатор ҳолатҳо ихроҷи ҳатмӣ бидуни ба инобат гирифтани шароити шахсии вайронкунанда пешбинӣ мешавад.
Муаллифони ташаббусҳо сахттар кардани қоидаҳои муҳоҷиратро бо афзоиши шумори ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ медиҳанд. Ба гуфтаи Вячеслав Володин, дар соли 2025 аз Русия тақрибан 72 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.
Акс: https://m.5-tv.ru
