Душанбе ба маркази байналмилалии рушди сайёҳии устувор табдил меёбад: форуми байналмилалӣ ва DITE-2026 баргузор мешаванд - ИА Караван Инфо
Душанбе ба маркази байналмилалии рушди сайёҳии устувор табдил меёбад: форуми байналмилалӣ ва DITE-2026 баргузор мешаванд

Душанбе, 14 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзҳои 24–26 сентябр, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — 2026 (DITE-2026) ва Форуми байналмилалии «Интегратсияи шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор мегарданд.

Ин чорабиниҳо ба яке аз майдонҳои муҳими муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории шаҳрҳо дар соҳаи сайёҳӣ табдил ёфта истодаанд.

Тибқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, қарори дахлдор аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Масъулияти ҳамоҳангсозии омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт гузошта шуда, барои ташкилу баргузории онҳо кумитаи тадорукот таъсис ёфтааст.

Ба ҳайати кумита муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдор, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо ва идораҳо шомил мебошанд.

Чорабиниҳои байналмилалӣ, ки ҳамасола бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мешаванд, ҳадафи рушди сайёҳии устувор, тавсеаи ҳамкории байнишаҳрӣ, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, шаҳри Душанберо пайгирӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар кори Форуми байналмилалӣ намояндагони соҳаи сайёҳии шаҳрҳои бародаршаҳр ва шарики Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои соҳавии кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ, сармоягузорон, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои саноати сайёҳӣ иштирок намоянд.

Дар меҳвари муҳокимаҳои форум масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои шарикӣ миёни шаҳрҳо ва субъектҳои соҳаи сайёҳӣ қарор хоҳанд гирифт. Аз рӯи натиҷаҳои форум ба имзо расидани як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Дар доираи DITE-2026 инчунин мулоқоту гуфтушунидҳои корӣ дар формати B2B, омӯзишҳои касбӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, такмили малакаҳои касбии роҳбаладон ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ баргузор мешаванд.

Барномаи чорабиниҳо ҳамчунин баргузории намоишгоҳи аксҳоро дар бар мегирад, ки ба муаррифии имкониятҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, бахшида мешавад. Барои иштирокчиён хатсайрҳои сайёҳӣ ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии пойтахт ташкил гардида, барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод хоҳад шуд.

Ташкилкунандаи DITE-2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҶДММ «Somon Travel» мебошад.

Форуми байналмилалии Душанбе «Интегратсияи шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» бори аввал моҳи сентябри соли 2024 баргузор шуда буд. Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе низ аз соли 2024 баргузор гардида, дар муддати кӯтоҳ ба як майдони байналмилалии муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва рушди ҳамкории соҳибкорӣ табдил ёфтааст.

Дар ду соли гузашта дар намоишгоҳ 290 субъекти соҳаи сайёҳӣ иштирок кардаанд, ки аз ин миён 85 ширкат аз 18 кишвари хориҷӣ буданд. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши таваҷҷуҳи шарикони хориҷӣ ба бозори сайёҳии Тоҷикистон ва нақши рӯзафзуни Душанбе ҳамчун майдони муколама ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ шаҳодат медиҳанд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе