Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми дуюми Тян-Шан оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ - ИА Караван Инфо
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми дуюми Тян-Шан оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ

Душанбе, 4 ноябр — АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзҳои 2–3 ноябри соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми дуюми Тян-Шан оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Таҳкими робитаҳои устувор ва сармоягузориҳои босифат дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок намуд.

Дар форум намояндагони воломақоми кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, бонкҳои бисёрҷонибаи рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаҳои форум масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, ҷалби сармояи хусусӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи форум муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ дар муҳокимаи панелӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳои гуногун ва маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ иштирок намуд.

Зимни муҳокима масъалаҳои истифодаи воситаҳои муосири маблағгузорӣ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, коҳиш додани хавфҳои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки фаромарзӣ баррасӣ гардиданд.

Форум ҳамчун майдони муҳими муколамаи минтақавӣ барои табодули таҷриба, муайян намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат намуд.

Акс: Кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон