Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот».Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 октябр дар Қасри миллат муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодии ду кишвар баррасӣ гардид.

Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид намуда, ба сатҳи кунунии ҳамкории дуҷониба баҳои баланд доданд.
Дар мулоқот ба нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун механизми пешбурди ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои амалии ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ баррасӣ карданд. Ин самтҳо дар заминаи таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои татбиқи ташаббусҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қисмати алоҳидаи музокирот ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бахшида шуд. Ҳамзамон, масъалаҳои воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ гардиданд.
Ба рушди ин самтҳо дар заминаи таҳкими ҷанбаи амалии ҳамкории иқтисодии дуҷониба ва тавсеаи робитаҳои сохторҳои дахлдор ва доираҳои соҳибкории ду кишвар аҳамияти муҳим дода шуд.

Дар фарҷоми мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва рушди минбаъдаи ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
