Остона, 17 апрели соли 2026 – АИ «Караван Инфо». Дар Остона ҷаласаи 14-уми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Қазоқистон ва Туркия ҷараён дорад. Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳо ва омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи раҳбари Туркияро баррасӣ намуданд.

Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов қайд намуд, ки мулоқоти қаблӣ дар Анкара дар соли 2024 ба рушди муносибатҳои дуҷониба такони бахшид. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо барои ҳамкорӣ дар бисёре аз бахшҳои иқтисод имконоти қобили мулоҳиза доранд.
«Мо интизори сафари давлатии президенти Туркия ба Қазоқистон дар моҳи май ҳастем. Итминон дорам, ки мулоқоти имрӯза ба пур намудани ин сафар бо ташаббусҳои нав мусоидат хоҳад намуд», таъкид намуд роҳбари ҳукумат.
Бектенов ҳамчунин қайд намуд, ки робитаҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Интизор меравад, ки сафари дарпешистода ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва сиёсии Қазоқистон ва Туркия такони иловагӣ бахшад.
Аксҳо: Акорда
