Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор: баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва амният – ИА Караван Инфо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор: баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва амният

Душанбе, 29 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 апрел Фиристодаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, инчунин амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Таваҷҷуҳи алоҳида ба раванди татбиқи тавофуқоти бадастомада дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)» зоҳир карда шуд, ки дар солҳои охир ба яке аз майдонҳои муҳими муколамаи тарафҳо табдил ёфтааст.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба рушд ва густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои мавриди манфиати тарафайн манфиатдор мебошад. Зикр гардид, ки ИМА имрӯз дар қатори панҷ шарики асосии сармоягузории Тоҷикистон қарор дорад, ки ин аҳамияти махсуси ҳамкориҳои иқтисодиро нишон медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин зарурати истифодаи самараноки имкониятҳо дар доираи Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба савдо ва сармоягузорӣ (TIFA)-ро таъкид намуданд. Дар ин замина самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ муайян карда шуданд.

Ҳамчунин рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо ҳамчун бахшҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.

Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ниҳодҳои дахлдор барои татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда ва пешбурди ташаббусҳои муштарак, ки ба манфиати ҳарду ҷониб мебошанд, идома дода шавад.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: