Душанбе, 28 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти соддагардонии тиҷорати хориҷӣ ва рушди логистикаи рақамӣ қадами стратегӣ гузоштанд.

Дар доираи ҷаласаи 83-юми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ, ки 23 сентябр дар шаҳри Брест баргузор шуд, ҷонибҳо протоколи дуҷонибаро дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расониданд.
Ҳуҷҷатро роҳбарони мақомоти дахлдори ду кишвар ба имзо расонида, раванди интегратсияи амиқ ва модернизатсияи технологиро тасдиқ намуданд.
Ҷорӣ намудани формати электронии эътирофи назорати гумрукӣ барои асъосан афзоиш додани суръати интиқоли борҳои тиҷоратии хориҷӣ миёни ду кишвар нигаронида шудааст.
Механизми нав аз ҷумла аҳамиятҳои зеринро фаро мегирад:
- Соддагардонии расмиёт: Коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва вақти азназаргузаронӣ дар нуқтаҳои гузариши сарҳадӣ;
- Транзити рақамӣ: Васеъ кардани истифодаи технологияҳои пешрафтаи IT ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо;
- Мубодилаи иттилоот: Ҳамоҳангсозии фаврии пойгоҳи маълумот ва мубодилаи суръатноки иттилоот миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Хадамоти федералии гумруки РФ.

Дар ҳошияи ҷаласа дар шаҳри Брест сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар маркази диққати ҷонибҳо масъалаҳои модернизатсияи амалии инфрасохтори сарҳадӣ қарор доштанд. Ҳамсуҳбатон муҷаҳҳазгардонии техникии нуқтаҳои гузаришро дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, васеъ намудани иқтидори онҳо ва эҷоди шароити мусоиду бехатар барои ҳаракати нақлиёт ва шаҳрвандон амиқ муҳокима намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
