Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».16 сентябр дар шаҳри Сеул нахустин ҳамоиш дар сатҳи сарони давлатҳо дар доираи формати «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Ҷэ Мён бо раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот анҷом дода, баъдан иштирокчиён дар саммити тиҷоратӣ ширкат хоҳанд кард.

Ҷониби Кореяи Ҷанубӣ ин нишастро гузариш аз муколамаи чандинсолаи сатҳи вазирон ба марҳилаи нави ҳамкории сиёсӣ дар сатҳи олӣ арзёбӣ мекунад.
Тибқи иттилои маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Корея, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Кореяи Ҷанубӣ меравад.
Субҳи 16 сентябр баргузории мулоқоти алоҳидаи дуҷонибаи ӯ бо Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷэ Мён дар назар аст. Ҳамзамон, то замони омода шудани ин матлаб мақомоти Тоҷикистон ба таври алоҳида иттилои расмӣ дар бораи иштироки Сарвари давлат дар саммити дарпешистода нашр накардаанд.
Дар ҷараёни музокирот доираи васеи масъалаҳо — аз канданиҳои фоиданоки дорои аҳамияти стратегӣ ва энергетика то инфрасохтор, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории илмӣ-техникӣ — баррасӣ хоҳад шуд. Истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим низ аз мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи нишаст мебошанд.
Барои Сеул Осиёи Марказӣ дар заминаи диверсификатсияи занҷираҳои таъминот, дастрасӣ ба ашёи хоми стратегӣ ва густариши ҳузури ширкатҳои кореягӣ дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва технологӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Ҷониби Кореяи Ҷанубӣ саммитро мустақиман бо ҳадафҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи канданиҳои фоиданоки муҳим, энергетика, соҳаҳои ояндадор ва технологияҳои рақамӣ пайванд медиҳад.
Пас аз бахши сиёсӣ Саммити тиҷоратии Корея — Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки интизор меравад дар он тақрибан 500 намояндаи сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳо иштирок кунанд. Ба ин тартиб, мулоқоти сарони давлатҳо бо як майдони амалӣ барои баррасии лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ пурра мегардад.
Дар натиҷаи саммит қабули «Эъломияи Сеул» дар назар дошта шудааст, ки бояд самтҳои миёна ва дарозмуддати ҳамкории бисёрҷонибаро муайян намояд. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ интизоранд, ки механизми нави ҳамкорӣ имкон медиҳад, ҳамкориҳо на танҳо дар соҳаҳои анъанавӣ — энергетика ва инфрасохтор, балки дар самтҳои зеҳни сунъӣ, илм, рақамикунонӣ, идоракунии захираҳои обӣ, муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва дигар бахшҳои муосир низ густариш ёбанд.
Формати «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» аз соли 2007 амал мекунад. То имрӯз ҳамкорӣ асосан тавассути баргузории форуми солона ва мулоқотҳо дар сатҳи вазирон рушд мекард. Нахустин саммити сарони давлатҳо марҳилаи сифатан нави ин муколамаро оғоз намуда, таваҷҷуҳи рӯзафзуни стратегии Кореяи Ҷанубиро ба панҷ кишвари минтақа бозгӯ мекунад.
Манбаи акс: Korea.net / The Korea Times
