Душанбе, 08 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 6 май дар Душанбе байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Руфтоб» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки татбиқи лоиҳаи бо панелҳои офтобӣ таъмин намудани корхонаҳо ва истеъмолкунандагонро бо иқтидори умумии 2000 МВт пешбинӣ мекунад. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ин ташаббус метавонад ба яке аз бузургтарин иқдомҳои кишвар дар самти энергетикаи сабз табдил ёбад.

Лоиҳа на танҳо густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар назар дорад, балки ҳадафҳои муҳимтаре низ дорад: таҳкими истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, коҳиши камбуди қувва дар низоми барқ ва ташаккули ҳамкории устувори сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи офтобӣ. Тибқи ҳисобҳо, татбиқи он имкон медиҳад, ки солона то 3,5 млрд кВт·соат неруи барқ истеҳсол шавад.
Ҷанбаи иҷтимоӣ ва истеҳсолии лоиҳа низ назаррас аст. Пешбинӣ мешавад, ки беш аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад ва ҳадди ақал 80 фоизи онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ишғол карда мешаванд. Ҳамчунин, омодасозии мутахассисони соҳибихтисос барои ин соҳа дар назар аст.
Аз нигоҳи экологӣ низ ин иқдом муҳим арзёбӣ мешавад. Ведомство таъкид мекунад, ки гузариш ба энергетикаи офтобӣ партови газҳои гулхонаиро коҳиш дода, вазъи экологии кишварро беҳтар мекунад. Корхонаҳо метавонанд худ бо барқ таъмин шаванд ва изофаи онро ба шабакаи умумӣ равона созанд, ки ин ҳам фишорро ба шабакаҳо кам мекунад ва ҳам имкониятҳои содиротиро боло мебарад.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ то 1 млрд доллар арзёбӣ мешавад.
Акс: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии РТ
