Душанбе, 12 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳукумати Тоҷикистон барои панҷсолаи оянда ҳадафҳои бузурги иқтисодиро муайян намуда, ба рушди босуръат, навсозии иқтисод ва таҳкими устувории иҷтимоӣ такя мекунад. Дар ин бора Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор мегардад, изҳори назар намуд.

Сарвари ҳукумат дар ҳамоиши байналмилалӣ дар «Кохи Сомон» таъкид кард, ки натиҷаҳои даҳсолаи охир аз устувории макроиқтисодии кишвар ва дурустии роҳи стратегии интихобшуда шаҳодат медиҳанд.
«Агар ба рақамҳои даҳсолаи охир назар кунем, метавонем миқёси устувории макроиқтисодии кишвар ва дурустии сиёсати стратегии интихобшударо равшан бинем», — гуфт Қоҳир Расулзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 3,4 баробар афзоиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ шаш баробар зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаҳо, тавре Сарвазир таъкид кард, имкон доданд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои иҷтимоӣ — коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз ва баланд бардоштани давомнокии миёнаи умри аҳолӣ то 77 сол — амалӣ гардад.
Таваҷҷуҳи махсус дар суханронӣ ба нақши кишоварзӣ равона шуд, ки то ҳол яке аз муҳаррикҳои асосии иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад. Дар панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷаҳиши босифати иқтисодиро пешбинӣ мекунад. Ҳукумат ният дорад дар панҷсолаи оянда ҳаҷми ММД-ро ду баробар зиёд намуда, сатҳи камбизоатиро то 10 фоиз коҳиш диҳад ва саҳми табақаи миёнаро дар ҷомеа то 50 фоиз расонад.

Тибқи дурнамои ҳукумат, суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар ин давра бояд 8,7 фоизро ташкил диҳад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо нишондиҳандаҳои мушаххаси соҳавӣ низ муайян шудаанд: афзоиши солонаи истеҳсолоти саноатӣ — 20 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ — 11,7 фоиз ва кишоварзӣ — 8,5 фоиз.
Коршиносон бар онанд, ки чунин ҳадафҳо талоши Душанбе барои гузариш аз модели асосан аграриву ашёи хом ба иқтисоди диверсификатсияшуда бо рушди саноат, инфрасохтор ва бахши хизматрасониҳоро инъикос мекунанд.
Бо вуҷуди ин, бахши аграрӣ ҳамоно асоси иқтисоди кишвар боқӣ мемонад: имрӯз он беш аз 60 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор таъмин намуда, тақрибан чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки муваффақияти ҳадафҳои эълоншуда бештар ба суръати саноатикунонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сармояи инсонӣ ва қобилияти иқтисод барои мутобиқшавӣ ба таҳдидҳои ҷаҳонии иқлимӣ ва геоиқтисодӣ вобаста хоҳад буд.
АКС: АМИТ «Ховар»
