Душанбе, 06 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон бори дигар мавқеи худро ҳамчун яке аз иштирокчиёни фаъоли рӯзномаи байналмилалии экологӣ тақвият бахшид.

Дар ҷараёни 8-умин Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ (GEF), ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ҷомеаи ҷаҳониро ба густариши маблағгузории иқлимӣ ва фароҳам овардани дастрасии осонтари кишварҳои осебпазир ба захираҳои молиявӣ даъват намуд.
Раиси Кумита зимни суханронӣ дар сессияи роҳбарони ҳайатҳо таҳти унвони «Марҳилаи ниҳоӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои соли 2030» таъкид кард, ки ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор бе таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ ва тақсимоти одилонаи захираҳои молиявӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ғайриимкон мебошад.
Дар суханронӣ ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмон дар соҳаи об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчун дастовардҳои муҳими дипломатияи экологии Тоҷикистон қатъномаҳои қабулнамудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии морхӯр таъкид шуданд. Ин қарорҳо аз афзоиши эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва мероси табиӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар ҷараёни суханронӣ инчунин афзалиятҳои асосии миллии кишвар дар соҳаи экологӣ муаррифӣ гардиданд. Сухан дар бораи рушди энергетикаи сабз, татбиқи Барномаи кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040, ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, муҳофизати пиряхҳо ва нигоҳдории гуногунии биологӣ меравад.

Раиси Кумита таъкид намуд, ки дар раванди омодагӣ ба давраи нави маблағгузории GEF-9 бояд ба дастгирии кишварҳои рӯ ба рушд ва бештар осебпазир диққати махсус дода шавад. Ба андешаи ҷониби Тоҷикистон, самтҳои афзалиятнок бояд мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ, барқарорсозии заминҳои деградатсияшуда, идоракунии устувори партовҳо ва ҳалли ҳамгирошудаи масъалаҳои вобаста ба об, иқлим ва табиат бошанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки мавқеи Тоҷикистон нақши рӯзафзуни кишварро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии экологӣ инъикос мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги оби тоза ва яке аз низомҳои муҳимтарини пиряхии Осиёи Марказӣ мебошад, ҳарчи бештар ҳамчун ташаббускори муколамаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои амнияти обӣ ва иқлимӣ баромад менамояд.
Суханронии ҳайати Тоҷикистон дар Самарқанд бори дигар собит намуд, ки дипломатияи экологӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар боқӣ мемонад. Дар шароити афзоиши таҳдидҳои иқлимӣ Душанбе ташаббусҳои худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва сафарбар намудани захираҳо барои ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор пайгирона идома медиҳад.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
