Душанбе, 25 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони роҳбарияти Вазорати саноат, конҳо ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштаракро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Музокирот дар пасманзари фаъол шудани муколамаи иқтисодии дуҷониба ва ҳавасмандии ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ сурат гирифт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон иқтидори сармоягузории кишвар, аз ҷумла самтҳои ояндадори ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин шароити амалкунанда ва тадбирҳои дастгирии сармоягузорони хориҷиро муаррифӣ намуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба муайян намудани самтҳое равона гардид, ки метавонанд ба гузариш аз муколамаи умумии сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххас мусоидат намоянд. Аз ҷумла, ҷонибҳо имкониятҳои ҷалби сармояи Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон, лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои саноат ва истихроҷи маъдан, инчунин густариши ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд.

Қисми алоҳидаи музокирот ба дурнамои таъсис ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бахшида шуд. Чунин шакли ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки захираҳои сармоягузорӣ бо иқтидори истеҳсолӣ пайваст гардида, иштироки бахши хусусии ду кишвар дар рушди саноатӣ васеъ карда шавад.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии мутақобилаи худро барои идомаи муколама ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тасдиқ намуда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро яке аз самтҳои амалии рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ карданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
