Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон силсилаи форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мулоқотҳои B2B оғоз гардид, ки ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва рушди ҳамкории саноатии ду кишвар равона шудаанд. Чорабиниҳо аз 28 то 30 июл дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе баргузор мегарданд.

Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Ӯзбекистон аз намояндагони зиёда аз 100 ширкат ва корхонаи истеҳсолии пешсаф иборат буда, онҳо барои роҳандозии ҳамкории мустақим бо соҳибкорони тоҷик вориди кишвар шудаанд.
Барномаи форумҳо аз 28 июл дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, марҳилаи асосии музокирот 30 июл дар Душанбе баргузор мешавад. Дар меҳвари гуфтушунидҳо рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати мебел, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, саноати хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кимиё ва дигар самтҳои иқтисодӣ қарор дорад.
Форумҳо ба соҳибкорон имконият медиҳанд, ки музокироти мустақим анҷом дода, масъалаҳои таъмини ашёи хом ва маҳсулоти тайёр, имзои шартномаҳои нав ва таъсиси корхонаҳои муштаракро дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ намоянд.
Тақвияти чунин робитаҳои соҳибкорӣ аз густариши шарикии стратегии иқтисодии Душанбе ва Тошканд шаҳодат медиҳад. Рушди ҳамкории мустақими саноатӣ барои ташаккули занҷираҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои ҳар ду кишвар мусоидат намуда, ба рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ замина фароҳам меорад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
