Токаев ва Путин таҳкими ҳамкориҳои Қазоқистон ва Русияро баррасӣ намуданд – ИА Караван Инфо
Токаев ва Путин таҳкими ҳамкориҳои Қазоқистон ва Русияро баррасӣ намуданд

Остона, 09 майи соли 2026-Иа Карован Инфо. Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар Маскав бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқот намуд. Сарони давлатҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва инчунин сафари давлатии ояндаи раҳбари русия ба Қазоқистонро баррасӣ намуданд.

Қасим-Жомарт Токаев Владимир Путин ва русҳоро бо 81-умин Солгарди Ғалаба табрик гуфта, аҳамияти ин санаро барои халқҳои ҳарду кишвар таъкид намуд.

“Мо қаҳрамонони ҷанги хунинтарин дар таърихи инсониятро ҷашн мегирем. Мо собиқадорони худро дар ёд дорем ва эҳтиром мекунем”, — қайд намуд Президенти Қазоқистон.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки муносибатҳои байни Қазоқистон ва Русия босуръат рушд мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, Русия яке аз бузургтарин сармоягузорони Иқтисоди Қазоқистон боқӣ мемонад ва ҳаҷми тиҷорати мутақобила метавонад ба зудӣ аз 30 миллиард доллар зиёд шавад.

Ба ҳамкории гуманитарӣ, рушди маориф ва сайёҳӣ диққати махсус дода шуд. Токаев қайд намуд, ки лоиҳаҳои таълимии русия аллакай дар Алмаато, Остона ва дигар шаҳрҳои кишвар кор мекунанд. Илова бар ин, тибқи натиҷаҳои соли 2025, Русия аз рӯи шумораи сайёҳоне, ки ба Қазоқистон ташриф овардаанд, ҷои аввалро ишғол намуд.

“Сафари давлатии Президенти Русия ба Қазоқистон рӯйдоди аҳамияти бузурги сиёсӣ ва таърихӣ хоҳад буд”, — таъкид намуд Касим-Жомарт Токаев.

Владимир Путин дар навбати худ саҳми Президенти Қазоқистонро дар таҳкими муносибатҳои байни ду давлат қайд намуд.

“Ин беҳтарин далели он аст, ки муносибатҳои байни Қазоқистон ва Федератсияи Русия дар кадом сатҳ қарор доранд” гуфт раҳбари Русия.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Акс: Акорда

error: